LIVE

Тоҷикбача ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд

Дар доираи баргузории соли 7-умин чорабинии мавсимии барномаи вижаи кӯдаконаи байналмилалӣ, Ширкати саҳҳомии ҷамъиятии “Газпром” “Футбол барои дӯстӣ” дар шаҳри Мадрид аз ҳама сермиллаттарин тамринҳоро баргузор намуд, ки то ҳол мислу монандаш дар дунё набуд ва дар ин маъракаи муҳташам, футболбозони навраси 57 кишвар, минҷумла Тоҷикистон низ ширкат намуданд. 
Барномаи вижаи кӯдаконаи байналмилалии “Футбол барои дӯстӣ” бад-ин шеваи баргузорӣ, ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гардид. Кишвари офтобии моро дар ин тамринҳо хонандаи синфи 6-уми Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Бахтиёр Махсумов муаррифӣ намуд. Ин тамринҳо намояндагони 211 кишвар ва минтақаро ба ҳам овард. Машғулиятҳоро раҳбари академияи футболи “Барселона” Микел Пуч ва собиқ мураббии дастаи бачагонаи “Барселона” Ҷозеф Гамбао гузарониданд. Ин ду коршиноси соҳа, имконоту шароити мусоид фароҳам оварданд, то футболбозони навхоста маҳорату малакаву ҳунари худро дар арафаи баргузории Чемпионати ҷаҳон таҳти унвони “Футбол барои дӯстӣ”, ки имрӯз 1-уми июн сурат мегирад, сайқал бубахшанд. Дар фарҷоми машғулиятҳо, намоядаи Китоби рекордҳои Гиннес ба намояндаи шӯрои директорони ШСҶ “Газпром” Виктор Зубков сертификати расмӣ барои гузоштани рекорд тақдим намуд ва иштирокчиёни навраси “Футбол барои дӯстӣ” – ро бо ин пирӯзӣ таҳният гуфт.        
“Бисёр заҳмати сангинеро пушти сар гузоштем, то бад-ин натиҷа расему шомили Китоби рекордҳои Гиннес шавем, - иброз дошт аснои суҳбат Зубков. Ва зам намуд, ки ин рекорд бо шарофати ҳунару истеъдоди вижаи бачаҳо ба даст омад, ки ҳамвора ба ҳаманду тамрин мекунанду риштаи дӯстӣ миёни эшон мустаҳкамтар мешавад. Бисёр муҳим бувад, вақте кӯдакони миллатҳои мухталиф бо ҳам дар як даста қарор доранд. Мехоҳам бори дигар ҳамаро бо чунин дастоварди воло таҳният бигӯям”. Барномаи вижаи кӯдаконаи байналмилалии “Футбол барои дӯстӣ” сар аз соли 2013 гузаронида мешавад. Қиммати калидӣ ва мақсади ниҳоии баргузории ин чорабинӣ, дӯстӣ, ҳамгироӣ, адолатпарастӣ, солимӣ, сулҳ, инсонпарастӣ, пирӯзӣ, анъана ва нангу номусро дарбар мегирад. Барномаи “Футбол барои дӯстӣ”-ро УЕФА, ФИФА, Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ, федератсияҳои футболи кишварҳои мухталиф, фондҳои хайриявии бачагонаи байналмилалӣ, сарпарастони шуҳратманд ва бошгоҳҳои пешгоми футболии сайёра дасигирӣ менамоянд. Дар гузари 7 соли арзи ҳастӣ доштанаш барномаи мазкур фаротари 6 ҳазор иштирокчиро ба ҳам овард ва бештар аз 5 миллион пайравон, дар шумули сарпарастони номӣ, рассомон ва сиёсатмадонронро мутаҳҳид намуд.
Таҳияи Лутфуллои Азиз

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив