LIVE

Чемпионати Тоҷикистон-2021 ба таъхир гузошта шуд

Чемпионати  Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олӣ 3 ноябр аз сар гирифта мешавад.

Дар робита ба омодагии дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "В", панҷ бозии даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон-2021, ки мебоист 15 ва 16 октябр барпо мешуданд, ба таъхир гузошта шуданд. Бозии мавқуфгузоштаи даври 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон-2021 байни "Истиқлол" -и Душанбе ва "Файзканд" -и Восеъ рӯзи 15 октябр пешбинӣ шудааст. Вохӯрӣ соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегирад.

Ҳамин тариқ, Чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олӣ бо бозиҳои даври бисту чорум 3 ноябр аз сар гирифта мешавад. Ёдовар мешавем,  ки аз 25 октябр то 2 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола дар гурӯҳҳои "В" ва "G" -и  баргузор мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив