LIVE

Собиқ бозингари “Реал” ва “Ливерпул” сармураббӣ шуд

Футболбози феълӣ Нури Шоҳин расман сармураббии нави бошгоҳи “Анталяспор”-и Туркия шуд. Ин тасмим пас аз истеъфои Эрсун Янал гирифта шуд, ки дар давоми он бошгоҳ дар Суперлигаи Туркия ҳамагӣ ду пирӯзӣ ба даст овард ва ҳоло дар зинаи 14 -ум қарор дорад.
Шоҳини 33 -сола аз соли 2020 дар дастаи "Анталяспор" бозӣ мекунад. Вай қаблан дар дастаҳои “Вердер Бремен”, “Боруссия Дортмунд”, “Ливерпул”, “Реал Мадрид” ва “Фейеноорд” бозӣ кардааст. Дар мавсими ҷории чемпионати Туркия нимҳимоятгар ҳашт бозӣ гузаронд ва ягон амали муассир нишон надод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив