LIVE

Фалкао ба Испания бармегардад

Ҳамлагари колумбиягӣ Радамел Фалкаои 35 -сола розӣ шуд, ки ба дастаи «Райо Валекано»-и Испания гузарад ва қарордоди онҳо ба зудӣ расман эълон хоҳад шуд. Дар ин бора “Football Espana” хабар медиҳад.

Қаблан Фалкао шартномаашро бо "Галатасарай" -и Туркия қатъ кард. Қайд карда шуд, ки бошгоҳ бо назардошти стратегияи нави молиявӣ ба ӯ эътимод надошт. 

Радамел тобистони соли 2019 ҳамчун бозигари озод аз дастаи “Монако” ба “Галатасарай” пайваста буд.  Дар ин муддат ӯ дар Туркия 43 бозӣ гузаронида,  20 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив