LIVE

Барои чӣ Лапорта Куманро сабукдӯш намекунад? Кӣ дар пушти Роналд аст?

Маълум шуд, ки ба қарори президенти "Барселона" Жоан Лапорта бинобар тақдири Роналд  Куман таъсир расонидааст. Ба мураббии 58-солаи ҳолландӣ ҳамватани ӯ Йорди Кройфф, ки вазифаи мушовири варзишии клубро бар ӯҳда дорад, кӯмак кардааст.
Рӯзи панҷшанбе, пас аз мағлуб шудан аз Бенфика (0-3) дар Лигаи чемпионҳо, Лапорта тасмим гирифт, ки Куманро аз кор ронад. Бо вуҷуди ин, аллакай рӯзи ҷумъа, пеш аз бозӣ бо Атлетико (0:2) дар Ла Лига, ӯ ба Роналд занг зада, дастгирӣ кард. Бино ба хабари TV3, рӯзи ҷумъа Лапорта вазъро бо ҷонибдорони наздики худ, аз ҷумла Кройфф  баррасӣ кард. Ин писари Йохан Кройфф буд, ки президенти "Барса"-ро бовар кунонд, тоба Куман як шонси дигар диҳад. Вай қайд кард, ки бо бозгашти бозигарони маҷрӯҳ - Серхио Агуэро, Усмон Дембеле ва Ансу Фати даста метавонад тағйир ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив