LIVE

"Ситораҳо" ба ПСЖ фоида наоварданд

Дар рақобати даври 9-уми Лигаи якуми Фаронса дастаи”ПСЖ” ба меҳмонии тими «Ренн» сафар кард. Дидори дастаҳо  бо натиҷаи 2:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Дар анҷоми қисми аввали дидор Гаэтан Лаборд дастаашро ба пеш баровард. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар оғози пайти дуюм Флавйен Те голи дуюми дастаашро ба нишон расонида, пирӯзии тимашро дар ин бозии муҳим таъмин кард. Дар дақиқаи 68-ум ҳамлавари "ПСЖ" Килиан Мбаппе гол зад, аммо пас аз тафтиши VAR голи мазкур бекор карда шуд. Ҳамин тавр “ПСЖ” аввалин бор дар мавсими кунунии Лигаи якуми Фаронса дучори бохт шуд. Дар даври оянда рӯзи 15-уми ноябр “ПСЖ” дар хонааш бо «Анже» бозӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир “ПСЖ” бо дарёфти 24 имтиёз пешсафи ҷадвал ба шумор меравад.

Чемпионати Фаронса. Лига 1. Даври 9-ум
«Ренн» (Ренн) — «ПСЖ» (Париж) — 2:0 (1:0)
Голҳо: Лаборд, 45. Те, 46.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив