LIVE

Назари Почеттино оиди нофаҳмиҳо миёни Неймар ва Мбаппе

Сармураббии “ПСЖ” Маурисио Почеттино ба саволи рӯзноманигорон оиди эҳтимоли нофаҳмиҳо миёни ду футболбози машҳури зери роҳбариаш  - Неймари бразилӣ ва Мбаппеи фаронсавӣ ҷавоб дод. Қаблан хабарҳо оиди бад шудани муносибатҳо миёни ин ду бозингар, баъди ба ҳайати дастаи парижӣ ҳамроҳ шудани Лео Месси пахш шуда буд. Дар охирин бозии “ПСЖ” Мбаппе аз он изҳори норизоӣ намуд, ки Неймар ба ӯ партоб намекунад.

Почеттино оиди ин ихтилофот, ки сабаби ҳар хел овозаҳо гаштааст, ба хабарнигори сомонаи L'Equipe чунин гуфт: “Ҳар ду (ҳам Неймар ва ҳам Мбаппе) беҳтарин футболбоз ва беҳтарин ҷавонмарданд. Дар футбол ҳамеша рақобат вуҷуд дорад ва ин гуна нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Ин ҷо мақсади мо – ғалаб асту халос. Ин рӯйдоди кучак берун аз даста ҳангома пайдо кардааст, аммо дар даруни ҳайат ҳеҷ гапе нест. Бачаҳо байни ҳам суҳбат карданд, ман низ бо онҳо суҳбат доштам. Шумо худ шоҳидед, ки онҳо ҳангоми тамрин бо табассум рӯбарӯи ҳам қарор доштанд.” 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив