LIVE

Самуэл Это'О роҳбари Федератсияи футболи Камерун шудан мехоҳад

Ҳамлагари собиқи “Барселона”, “Интер” ва “Анжи” Самуэл Это'О ният дорад, ки Федератсияи футболи Камерунро раҳбарӣ кунад. Футболбози собиқи 40-сола дар Твиттераш эълон кард, ки дар интихобот ширкат мекунад ва тавзеҳ дод, ки ин тасмимро "аз муҳаббат ба Камерун ва ба хотири рушди футболи маҳаллӣ" гирифтааст.
"Вақт мегузарад. Интизор шудан ин варянти беҳтар нест. Вақти он расидааст, ки футболи худро барқарор кунем" гуфтааст, Это'о.
Интихоботи раҳбари Федератсияи футболи Камерун 11-уми декабр баргузор мешавад.
Самуэл Это'О чор маротиба футболбози сол дар Африқо эътироф шудааст. Вай инчунин беҳтарин голзани мунтахаби кишвараш бо 56 гол дар 118 бозӣ маҳсуб мешавад. 
Пештар маълум шуд, ки собиқ ҳамлагари «Манчестер Юнайтед», «Тоттенхэм» ва «Байер» Димитар Бербатов номзад ба президенти Федератсияи футболи Булғористон шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив