LIVE

Писари Это'о дар Ҷоми Ҷаҳон то 17 солаҳо бозӣ намекунад.

 
Писари собиқ ҳамлавари машҳури "Барселона" Самеэл Это'о дар Ҷоми Ҷаҳон то 17 солаҳо, ки дар назар буд, аз тими ҷавонони то 17 сола аз тарафи Камерун дар Бразилия ин кишвари африқоиро намояндагӣ мекард, бозӣ нахоҳад кард. Ӯ, ки дар дастаи "Малйорка" то 17 солаҳо бозӣ мекунад, барои бозӣ намудан за тарафи тими мунтахаби то 17 солаҳои Камерун даъват шуда буд, дар бозиҳои тими то 17 солаҳои ин кишвар чанд бозии рафиқона ҳам анҷом дод, аммо дар рӯйхати асосии то 17 солаҳо номаш набаромадааст. Сабаби ин тасмим қарори Президенти Камерун Пол Бийя мебошад, ки соли 2014 бароварда буд. Тибқи қарори мазкур, барои тими мунтахаби то 15 ва то 17 солаҳо танҳо наврасоне шомил шуда метавонанд, ки дар бошгоҳҳои маҳаллӣ тамрин мекунанд. Сармураббии тими мунтахаби то 17 солаҳои Камерун Том Либиа оиди ба ҳайат дохил намудани писари Это'о ба Федератсияи футболи Камерун муроҷиат намуд, аммо муроҷиат ва хоҳиши ӯ бенатиҷа боқӣ монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив