LIVE

Куман баъди 4 бозӣ аз “Барселона” барканор мешавад, агар...

"Барселона" бо сармураббӣ - Роналд Куман худоҳофизӣ мекунад, агар дастааш дар 4 бозии оянда натиҷаи дилхоҳ нишон надиҳад. хабар медиҳад Deportes Cuatro.
Дар моҳи сентябр каталонҳо дар чемпионати Испания бо “Гранада”, “Кадис” ва “Леванте”, инчунин дар Лигаи Чемпионҳо бо “Бенфика” бозӣ мекунад.
Тавре зикр гардид, президенти “Барселона” Жоан Лапорта аз шикасти даста дар нахустин бозии Лигаи Чемпионҳо аз “Бавария” (0:3) хеле нороҳат шудааст.
Роҳбари дастаи каталонӣ аз нақшаи тактикии клуб норозӣ аст ва мехоҳад, ки Куман аз истифодаи се муҳофизи марказӣ даст кашад ва инчунин ба бозигарони ҷавон имконият диҳад. Масалан, Рикардо Пучу.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив