LIVE

Роналд Куман ба беморхона афтод

Сармураббии "Барселона" Роналд Киман бинобар хуб набудани саломатиаш  ба муроҷиат кард, хабар дод рӯзноманигори Fox Sports Даниэл Жиронс дар Твиттер.
Бино ба иттилои манбаъ, мутахассис аз ташхис гузашта, ҳоло худро хуб ҳис мекунад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки "Барселона" метавонад Куманро аз кор ронад. Агар мутахассис пеш аз ба итмом расидани қарордод аз тим хориҷ шавад, даста бояд ба ӯ 5,8 миллион евро ва инчунин маоши солонааш - 7,2 миллион евро пардохт кунад.  

Куман "Барселона"-ро аз моҳи августи соли 2020 роҳбарӣ менамояд.
Дар охири мавсими чемпионати Испания  "Барселона" бо 79 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт. "Атлетико Мадрид" қаҳрамони Испания шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив