LIVE

Юмтити дар вохӯрӣ бо президенти "Барселона" барои чӣ гиря кард?

Ҳимоятгари дастаи «Барселона» Самуэл Юмтити бо президенти даста Жоан Лапорта вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад Mundo Deportivo. 

Аз рӯи иттилои манбаъ, футболбози фаронсавӣ бар замми ба ҳайати Куман дохил нашуданаш намехоҳад тарки дастаи “Барселона” кунад. Барои ҳалли ин масъала Юмтити хост бо президенти бошгоҳ вохӯрад. Ба ғайр аз Лапорте, дар вохӯрӣ ноиби президенти бошгоҳ Рафа Юсте ва роҳбари бахши футболӣ Матеу Алеманн ҳузур доштанд.

Юмтити гуфт, ки хеле мехоҳад ба даста кӯмак кунад. Аммо табибони бошгоҳ натавонистаанд ҷароҳати зонуи ӯро ба пуррагӣ дармон кунанд. Баъди ин суханҳо Лапорте Юмтитиро дастгирӣ карда гуфт, ки ман ин масъаларо бо Роналд Куман маслиҳат мекунам. Юмтити баъди ин суханҳо худро дошта натавониста, гиря кард ва президентро оғӯш гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив