LIVE

"Барселона" ҳимоятгари худро маҷбуран меронад

«Барселона»-ро  нарафтани Самуэл Юмтити ғазабнок кардааст, хабар медиҳад, Sport.es.

Бошгоҳи каталонӣ ба бозигар гуфтааст, ки муносибати ӯ қобили қабул нест. Ба далели он, ки ӯ намехоҳад ҳатто пешниҳодҳоеро баррасӣ кунад, ки ба ӯ имкон медиҳанд ба сатҳи пешинааш баргардад ва ин боиси хашми роҳбарияти даста гаштааст.

Қайд мешавад, ки дар рӯзҳои оянда роҳбарияти бошгоҳ бо бозигар вохӯрда, пешниҳодҳои дар ибтидо намудаашонро якбори дигар баррасӣ кунанд. Агар ин амал кор накунад, "Барселона" омодааст, ки чораҳои шадидтар андешад.

Юмтити соли 2016 аз дастаи «Лион» ба «Барселона» гузариш намуда буд. Дар мавсими гузашта Юмтити дар 13 бозии чемпионати Испания иштирок кардааст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив