Нимҳимоятгари “Пари Сен-Жермен” ва тими миллии Аргентина Анхел Ди Мария бадтарин мураббии худро ълон кард.
«Ман дар бораи рақами ҳафт дар “Манчестер Юнайтед” аҳамият надодам. Дар аввал онҳо бо ман дар ин бора бисёр сӯҳбат карданд, аммо ин танҳо як футболка буд. «Мушкилоти ман дар Манчестер мураббӣ буд. Ван Галро бадтарин мураббиам меҳисобам. Ман гол задам, партофти голвар анҷом додам ва рӯзи дигар ӯ ба ман пассҳои нодурустамро нишон дод. Аз рӯзи аввали омаданам ӯ маро қабул надошт, ба ӯ маъқул набуд, ки бозигарон дар даста аз ӯ дида, муҳимтаранд" гуфтаст Ди Мария.
Ди Мария аз соли 2014 то 2015 дар “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекард ва баъдан ба ПСЖ гузашт.