LIVE

Интихоби Ди Мария байни Роналду, Месси ва Неймар…

Ниммуҳофизатгари ПСЖ ва мунтахаби Аргентина Анхел Ди Мария андешаашро оиди пурқувваттарин ҳамдастаҳояш  дар тули корномаи худ, баён намуд.

«Имкони дар як даста бо Руни, Ибрагимович, Роналду ва Месси бозӣ кардан орзуи деринаи ман буд.

Одатан дар PlayStation онҳоро интихоб мекардам ва ҳатто тасаввур карда наметавонистам, ки  рӯзе бо онҳо дар ҳаёти воқеӣ ҳунарнамоӣ мекунам.

Лео беҳтарини ин чоргона аст. Криштиану – аъҷуба (монстр), Неймар бошад, танҳо аз футбол ҳаловат мебарад. Ибра – девона. Дар майдон ӯ ҷавони бад менамояд, аммо дар асл нек аст. Дар ПСЖ бо якдигар муносибати хуб доштем.

Руни – ҷавони ором. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ӯ ин қадар қавӣ аст.

Байни чунин футболбозони моҳир душвор аст якеро интихоб кардан, аммо агар лозим ояд, интихоби ман Месси аст,» - гуфт Ди Мария дар мусоҳиба бо TyC Sports.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив