LIVE

Мбаппе бо ҳамдастагонаш хайрухуш кард

Ҳамлагари дастаи «ПСЖ» Килиан Мбаппе дақиқ аст, ки ба “Реал Мадрид” гузариш мекунад. Чи тавре ки сомонаи Cuatro хабар медиҳад, ҳамлагар ба ҳамдастагони худ гуфтааст, ки аз даста меравад. Аз рӯи иттилои манбаъ, Килиан бо футболбозони дастаи “ПСЖ” хайрухуш кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин ду рӯз гузариши ҳамлагар расман мегардад. Сомонаи машҳури Marca хабар медиҳад, ки “Реал” ва “ПСЖ” барои гузариши ҳамлагари фаронсавӣ ба тафоҳум расидаанд.

“Реал Мадрид” барои Килиан 170 млн. евро пешниҳод намудааст. Чанд рӯз қабл 160 млн. евро пешниҳод карда буданд, аммо роҳбарияти бошгоҳи парижӣ пеҳнидашонро рад намуда буд. Бар замми ин директори варзишии даста Леонардо бошгоҳи испаниро сахт танқид кард, ки ин гуна пули камро пешниҳод намудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив