Мунтахабҳои футболи Мексика ва Ҷопон барои нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ мубориза бурданд. Бозии дастаҳо бо натиҷаи 3:1 ба суди намояндаи Амрикоӣ Ҷанубӣ хотима ёфт. Аз ҳайати ғолибон голҳоро Эрнесто Вега, Йохан Васкес ва Себастян Кордова ба ҳадаф расониданд. Ягона тӯби мизбононро Каору Митома муаллифӣ кард. Ҳамин тавр мунтахаби Мексика барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба футбол гардид. Маврид ба ёдоварист, ки дар финал миллипӯшони Бразилия ва Испания бозӣ мекунанд.
Бозиҳои олимпӣ-2020. Токио (Ҷопон)
Мардҳо. Футбол. Бозӣ барои ишғоли ҷойи 3-юм
Мексика — Ҷопон — 3:1 (2:0)
Голҳо: Кордова, 12 (аз пеналтӣ). Васкес, 22. Вега, 58. — Митома, 78.