LIVE

"ПСЖ" Неймару Маркинйосро ба Олимпиада роҳ намедиҳад

Тибқи иттилои ESPN, "ПСЖ"  дархости Конфедератсияи футболи Бразилияро  барои даъвати ҳамлагар Неймар ва ҳимоягар Маркинйос   ба Олимпиадаи Токио рад кард. Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23 июл то 8 август баргузор мешаванд. Дастаҳои ҷавонони кишварҳо дар мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд. Гузашта аз ин, ҳар кадоме аз дастаҳо метавонанд ба рӯйхати вуруд се бозигари аз 23-сола боло дохил кунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив