LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар «Continental Futsal Championship» панҷум шуд

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии охирини худ дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Таиланд тими миллии Мозамбикро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард ва мақоми панҷумро касб кард.
Голҳои Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Умед Қузиев ба тими мо пирӯзӣ овард.
Қаблан, дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок, мунтахаби Тоҷикистон аз Миср (0:1) ва Эрон (0:7) мағлуб шуда, инчунин бар Литва (9:2) ғалабаи калон ба даст овард. 
Дар бозии ҳалкунанда, Тайланд аз Эрон мағлуб шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив