LIVE

Аввалин ғалабаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар «Continental Futsal Championship 2021»

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Тайланд аввалин ғалабаи худро ба даст овард. 
Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳӣ В футзалистони Тоҷикистон бар тими миллии Литва бо ҳисоби 9:2 пирӯзии калон ба даст оварданд. Дар ҳайати тими миллии мо, Файзалӣ Сардоров ба задани 6 гол даст ёфт. Голҳои дигарро Рустам Ҳамидов, Дилшод Саломов ва дарвозабон Фирӯз Бекмуродов заданд.
Пас аз ин пирӯзӣ, мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани се хол имкони ба нимфинал баромаданро нигоҳ медорад. Имрӯз дастаҳои Эрон ва Миср дар бозии дигари гурӯҳи «В» бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив