LIVE

Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз дастаи Миср ноком шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок баргузор кард. Дар даври якум дар гурӯҳи “В” футзалистони мо бо тими миллии Миср бозӣ карда, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Дар бозии дигари гурӯҳ тими миллии Эрон тими миллии Литваро бо ҳисоби 5 бар 0 шикаст дод.  Бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» дар Бангкок рӯзи   26 июл баргузор мешаванд. Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон қаҳрамони чандкаратаи Осиё - мунтахаби Эрон хоҳад буд. Ин вохӯрӣ соати 10:45 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив