LIVE

Эрик Ламела тарки "Тоттенхэм" намуд

Пас аз 8 сол футболбозӣ аргентинӣ Эрик Ламела  бошгоҳи "Тоттенхэм"-и Англияро такр кард. Аз ин баъд нимҳимоятгари 29 сола дар яке аз дастаҳои пурқуввати Чемпионати Испания тими "Севиля" ҳунарнамои хоҳад кард.

      Эрик Ламела нимҳимоятгари аргентинии "Тоттенхэм"-и Англия ба ҳайати тими "Севиля"-и Испания пайваст. Футболбози 29-сола бо ин тими испанӣ шартномаи дарозмуддат имзо кард. Қарордоди даста бо футболбоз то  тобистони соли 2024 амал мекунад. Ба иттилои расонаҳои испанӣ Ламела бахше аз мубодилаи байни "Тоттенхэм" ва "Севиля" барои гузариши Брайан Хил  гардидааст. Инчунин англисҳо дар баробари Ламела барои вингери тими ҳайати ҷавонони Испания 25 миллион евро  иловагӣ пардохт карданд. Дар мавсими гузашта агентинӣ  дар Премйер Лига 23 бозӣ гузаронида, як гол задааст. Эрик Ламела дастпарвари бошгоҳи "Ривер Плейт"-и Аргентина мебошад. Ичунин футболбоз шарафи тими "Рома"-и Италияро низ ҳимоя намуданд. Дар ҳайати тими "Севиля" Ламела таҳти шумораи 17 бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив