LIVE

Почеттино дар "ПСЖ" боқӣ мемонад

“Пари Сен Жермен” шартномаро бо сармураббӣ Маурисио Почеттино тамдид кард. Созишномаи нави мутахассиси аргентинӣ бо бошгоҳ то соли 2023 ба инобат гирифта шудааст.
«Ман воқеан на танҳо барои худам, балки аз ситод хеле хушҳолам. Эҳсоси дастгирӣ ва эътимоди клуб барои мо хеле муҳим аст ва мо ҳама корҳоро мекунем, то мухлисон аз мо ифтихор кунанд. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки ҳадафҳоямонро якҷоя ба даст орем. 20 сол қабл ман капитан будам ва имрӯз ман мураббии ин дастаам. Ин орзуи воқеъист ", - гуфтааст Почеттино.
Дар вақти роҳбарии дастаи Париж буданаш, Почеттино Ҷоми Фаронсаро ба даст оварда, ба нимфинали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт ва инчунин дар чемпионати Фаронса ҷои дуюмро ишғол кард. Пеш аз он, Маурисио дар “Тоттенхэм Хотспур” кор мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив