LIVE

Роналду хулосаашро дар бораи "Ювентус" баровард

Ситораи португалии дастаи “Ювентус” Криштиану Роналду ният дорад то анҷоми шартномааш дар дастаи “Ювентус” боқӣ бимонад. Дар ин бора “La Gazzetta dello Sport” хабар медиҳад. Шартномаи Роналду бо “Ювентус” то 30 – юми июни соли 2022 эътибор дорад. Роналду бо роҳбарияти даста дар мавриди  то анҷоми  қарордод боқӣ мондан гуфтушунид дорад. Агенти футболбоз Хорхе Мендеш низ бо директори нави клуб Федерико Черубини доир ба ояндаи Роналду дар дастаи туринӣ мулоқот анҷом медиҳад. Роналду соли 2018 аз дастаи “Реал” ба “Юве” пайваст. Ҳамлавари 36 – сола мавсими гузашта бо задани 29  гол даст ёфта,  беҳтарин нишонзани Серияи А эътироф шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив