LIVE

Роналду дар "Ювентус" боқӣ мемонад

Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду дастаро тарк намекунад.  Футболбози португалӣ  то анҷоми   шартномааш, яъне тобистони соли 2022 дар “Ювентус” боқӣ хоҳад монд. Хабар медиҳад La Gazzetta dello Sport. Роналдуи 36 сола  ба роҳбарияти туриниҳо шарт гузоштааст, ки ҳайатро  мустаҳкам намоянд.   Ӯ хоҳиш кардааст, ки дар ҳайат футболбозони  рақобатпазир зиёд бошанд. Аз ин рӯ  трансферҳои навро талаб намудааст.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки  имкони ба “Реал” баргаштани Роналду вуҷуд дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив