LIVE

"Барса" "Реал"-ро гунаҳкор кард

"Барселона" наметавонад бо нимҳимоятгар Илас Мориба дар бораи тамдиди шартнома ба созиш бирасад ва бовар дорад, ки дар паси ин “Реал” истодааст. "Барселона"  Морибаро таъкид кардааст,  ки то ба имзо нарасидани шартномаи нав ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки  бо ҳайати асосӣ кор кунад. Инчунин хабар дода мешавад, ки то ба мувофиқа расидани шартҳои нав ё то пешрафти  гуфтушунид, бозигари 18-сола ба нақшаҳои сармураббӣ Роналд Куман дохил карда намешавад.
     Ҳамзамон, "Барселона" бовар дорад, ки "Реал" дар ин кор гунаҳгор аст. Каталониҳо гумон мекунанд, ки "Реал" мехоҳад Морибаро фиреб диҳад. Намояндагони нимҳимоятгар ин маълумотро рад мекунанд.
     "Барселона" намехоҳад, ки Мориба ба ҳайати рақиби асосӣ гузарад, зеро онҳо барои рушди ӯ маблағи зиёд сарф кардаанд. Шартномаи бозингар бо "Барса" то соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив