LIVE

"Реал" Левандовскиро мехарад?

Ҳамлавари “Бавария” Роберт Левандовски мехоҳад дар ҳайати дастаи «Реал Мадрид» бозӣ намояд. Хабар медиҳад сомонаи As. Форварди 32 – сола мунтазир аст, ки дастаи шаҳри Мадрид барои гузариши ӯ аз дастаи “Бавария” ба “Реал” қародод пешниҳод мекунад. Вале дастаи олмонӣ тобистони имсол ҳамлаварашро ба фурӯш гузоштанӣ нест.
“Бавария” аллакай дар ҷустуҷӯи ҳамлавари марказии ивазкунандаи Левандовский  аст. Чунки тобистони соли оянда шартномаи бозингар бо дастаи “Бавария” ба анҷом мерасад. Агар хоҳиши дастаи “Реал” бошад, он гоҳ имкон дорад бо Левандовски қарордоди нав ба имзо расонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив