LIVE

Қаҳрамони Фаронса мураббии навашро эълон кард

Қаҳарамони феълии Фаронса дастаи «Лилл» сармураббии нави худро эълон намуд. «Лилл»-ро мутахассиси фаронсавӣ Жослен Гурвеннек дар мавсими оянда роҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи даста. Жослен Гурвеннек пештар дар дастаҳои «Бордо» ва «Генгам» фаъолият мекард, ки моҳи майи соли 2019 аз вазифааш барканор шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар бозии охирон, даври 38-уми Лигаи 1, «Лилл» дар меҳмонӣ «Анже»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳамин ғалаба сабаби қаҳарамонии онҳо дар Лигаи 1 гардид. Дар 38 даври бозиҳо «Лилл» 83 имтиёз ба даст оварда, зинаи аввали ҷадвалро соҳиб шуд. Мақоми дуюмро бошад бо як имтиёз кам дастаи «ПСЖ» гирифт.

«Лилл» маротибаи чорум дар таърихи пайдоишаш қаҳрамони Фаронса гардид. Пештар дар солҳои 1946, 1951 ва 2011 қаҳрамон гашта буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив