LIVE

Ҳамлагари португалӣ ба “РБ Лейптсиг” гузариш намуд

Ҳамлагари португалии дастаи  “Айнтрахт” Андре Силва ба дастаи дигари олмонӣ “РБ Лейпсиг” гузариш кард. Дар ин бора дар сомонаи расмии бошгоҳи олмонӣ хабар дода шудааст. Силва бо дастаи наваш шарномаи 5 сола ба имзо расонид. Ҳамлагар миёнаҳои моҳи июл ба тамриноти пеш аз мавсимии даста пайваст мешавад. 
Дар мавсими сипаришудаи Бундеслига португалӣ дар 32 бозӣ иштирок намуда, ба задани 28 гол ва 5 партофти головар даст ёфт. Силва дар фаъолияти варзишиаш дар дастаҳои “Севиля”, “Милан” ва “Порту” ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ тарбиятгирифтаи бошгоҳи “Порту” мебошад. Сомонаи Transfermarkt нархи футболбозро 45 млн евро баҳо медиҳад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив