LIVE

Гуфтушуниди “Барселона” ва Месси бо чӣ анҷомид?

Ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси тасмим гирифт, ки дар “Барселона” бимонад, мегӯяд El Confidencial.
Футболбози 33-сола бо роҳбарияти "Нилунориҳо" гуфтушунидро бо муваффақият анҷом дод. Ҷонибҳо сари мақсад омаданд, ки ҳамкориҳоро то соли 2023 идома диҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, маоши Лионел метавонад бинобар бӯҳрони молиявӣ коҳиш ёбад.
Месси аз ибтидои фаъолияти касбии худ дар клуби каталонӣ бозӣ мекунад. Шартномаи феълии футболбоз бо “Барселона” моҳи ҷорӣ ба анҷом мерасад. 
Қаблан гуфта мешуд, ки ба ҳамлавари аргентинӣ клубҳои "Манчестер Сити" ва "ПСЖ"-и Фаронса таваҷҷуҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив