LIVE

Гузарише, ки ҷаҳони футболро ба ларза меорад

"Барселона" ба ҳамлагари Португалия ва клуби Ювентус - Криштиану Роналду таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, хабар медиҳад AS.
Бино ба иттилои манбаъ, президенти клуби каталонӣ Жоан Лапорта ба гузариши португалӣ манфиатдор аст. Хабар дода мешавад, ки ӯ орзу дорад Лионел Месси ва Роналдуро дар "Барселона" ба ҳам оварад. Лапорта мехоҳад ду ситорае, ки дар даҳсолаи охир дар футболи мардона ҳамто надоранд узви як тим созаду исми худро дар таърихи футбол ворид намояд.
Барои анҷоми шартномаи Роналду бо "Ювентус" як соли дигар мондааст. Ҳамлагари 36-солаи португалӣ хатмкардаи "Спортинг" мебошад. Роналду аз соли 2018 дар дастаи "Ювентус" -и Турин бозӣ мекунад ва ба клуби итолиёвӣ аз "Реал Мадрид" ба маблағи 117 миллион евро гузариш намуда буд.  Дар мавсими 2020/2021 бо 29 гол беҳтарин ҳамлагари Серия А шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив