LIVE

Сархати ахбори рӯз: УЕФА аз бозингарон талаб кард, ки шишаҳои сарпарастони Евро-2020 – ро нарасанд

  • Кастан карйераашро хотима мебахшид, агар дар бархӯрд бо Далер кузяев аз 3 см болотар зарба мехӯрд. Ӯ амалиёти ҷароҳии 6 соатаро пушти сар намуд. [Het Laatste Nieuws]
  • Рамос оиди ояндаи худ: “Дар нимтанаи “Барселона” маро дидан имкон надорад. Ягон варианти дигарро ҷустуҷӯ дорем”.
  • Буффони 43-сола бо “Парма” қарордоди  2 – сола баст.
  • Мунтахаби Украина силсилаи бохтҳояшро дар мусобиқоти Евро 6 бозиро ташкил медод, бо шикаст додани Мақдунияи Шимолӣ ба итмом расонид.
  • “Ювентус” Влахович – беҳтарин нишонзани “Фиорентина” – ро ба даст оварданист. Габриэл Жезус, Мауро Икарди ва Белотти ҳам дар рӯйхати гузариши трансферии бошгоҳи туринӣ қарор доранд. [Tuttosport]
  • “Манчестер Сити” бо Рамос қарордод бастан намехоҳад. [Manchester Evening News]
  • Мунтахаби Дания дар ду бозӣ 43 зарбаи мустақим ба дарвозаи ҳарифон заданд, аммо ҳамагӣ 1 – тои он гол шуду халос.
  • Серхио Рамос шояд ба “ПСЖ” гузариш намояд. Агентҳо бозингари испаниро ба парижиҳо пешкаш доранд. [As]
  • “Реал Мадрид” ба “Рома” пешниҳоди иваз намудани Спинатсолро ба Майорал дорад. [As]
  • УЕФА аз бозингарон талаб намуд, ки ҳангоми нишастҳои матбуотӣ шишаҳои дар пешашон гузоштаро, ки онҳо сарпарастии Евро – 2020 – ро ба уҳда доранд, нарасанд.
  • “Тоттенҳем” барои ба имзо расонидани созишнома бо Дженнаро гаттузо наздик аст. Бо Фонсек барои ҳамкорӣ намудан ба як қарор наомаданд. [The Athletic]
  • Эшли Янг аз «Интер» рафт. Ӯ баъди 10 сол дубора ба «Астон Вилла» баргашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив