LIVE

Мунтахаби Фаронса ноором аст. Байни Мбаппе ва Жиру чӣ мегузарад?

Вазъияти муноқишавӣ байни ҳамлагарони фаронсавӣ Килиан Мбаппе ва Оливйе Жиру ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Тибқи иттилои RMC Sport, Мбаппе, ки гуфтаҳои Жируро ба ҳисоби худ гирифтааст, тамоми рӯз хашмгин буд.

Жиру бо футболбози Мбаппе суҳбат карда, ба ӯ фаҳмонд, ки бо сабаби саволҳои иғвоангези рӯзноманигор фикри ғалатро баён кардааст. Вай инчунин рӯшан кард, ки ӯ Мбапперо дар назар надорад. 
Вале Мбаппе пас аз муколама ҳам хашми худро мисли пешина идома дод ва дар назди тамоми даста изҳори норозигӣ кард.
Сармураббӣ Дидйе Дешам вазъро ҳам бо футболбозон ва ҳам бо тамоми даста баррасӣ кард, аммо натиҷа ҳанӯз ба даст наомадааст. Жиру ҳангоми тамринҳо  ба  Мбаппе доимо  партофт мекард ва ҳатто   пас аз тамрин  ӯро ба оғӯш гирифт. Аммо ин ҳам бенатиҷа.

      Ёдовар мешавем, ки  дар бозӣ бо Булғористон сабаби дарди сари Дидйе Дешам пайдо шуд. Дублро дар он бозӣ Оливйе Жиру ба номаш сабт сохт. Ӯ ба ҷойи Карим Бенземаи захмдор дар охири қисми аввал ба майдон баромад. Аммо пас аз бозӣ, ҳамлагари "Челси" аз ҳамкорӣ бо шарикон чандон қаноатманд набуд, ки ӯ дар мусоҳиба гуфт:
“Баъзан ман тӯб мепурсам, вале  он ба ман намерасад. Ман кӯшиш мекунам, ки шариконамро то ҳадди имкон ташвиқ кунам ва ба даста роҳҳои ҳалли худро пешниҳод кунам. Ба шарофати ду партофти хуб аз Бен Йеддер ва Павар, ман тавонистам бозигузории хуб гузаронам, аммо агар мо самараноктар мебудем, метавонистем бештар гол занем".
Килиан Мбаппе ин гуфтаҳои Жируро написандид. То андозае, ки Мбаппе аз Дидйе Дешам хоҳиш кард, ки ӯро ба нишасти матбуотӣ равона кунад, то ба Жиру посух гӯяд. Дешам дархости Мбаппаро рад кард. Жиру ва Килиан барои рафъи нофаҳмиҳояшон суҳбати як ба як карданд. Вале вазъ  ҳанӯз ноором аст.
Дар пасманзари  нашрияҳои фаронсавӣ бинандагони бодиққат пай бурданд, ки Мбаппе дар дақиқаи 83-ум Жируро бо гол табрик намекунад - Варан, Погба, Павар давида Оливйеро ба оғӯш кашиданд ва Килиан рӯй гардонда, ба  марказ равон шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив