LIVE

Антуан Гризманн аз Трезеге пеш гузашт

Ҳамлагари «Барселона» - Антуан Гризманн аз ҳамватани худ Давид Трезеге  голи бештар ба ҳадаф расонид. Гризманн дар бозии навбатии тими миллии Фаронса дарвозаи Босния ва Герртсоговинаро рахна кард. Ин 35-умин голи ӯ бо пероҳани мунтахаби кишвараш ба ҳисоб меравад. Гризманн танҳо аз Мишел Платини (41), Оливйе Жиру (44) ва Тиерри Анри (51) голи камтар задааст.  Платини ва Анри солҳои дароз аст, ки корномаи варзишии худро ҷамъбаст намудаанд. Аммо Жиру бошад, то ба ҳол ба мунтахаб ҷалб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив