LIVE

Гризманн: Суарес ва Мессиро фаҳмида наметавонам

Ҳамлагари «Барселона» Антуан Гризманн мутобиқшавии худро дар клуби каталонӣ, ки он дуру дароз идома кард, чунин шарҳ дод.  

“Ман дар дастаи нав мавқеъи хешро меомузам, талош дорам то ҳарчи зудтар ҳамдастагонамро дарк намоям. Ман ҳаракатҳои Суарес ва Мессиро дарҳол дарк намекунам, аммо рӯз аз рӯз кори ман дар ҳоли беҳбудист. Ман инсони шармгинам. Аз ин лиҳоз дар суҳбат бо дигарон мушкили мекашам. Одатан аввалин шуда лаб ба сухан намекушоям.  Вале мо аллакай бо Суаресу Месси сари мизи хуроки шом нишастем ва гумон мекунам, ки ин иқдом такрор меёбад.  Ҳар он амале, ки берун аз майдон мешавад моро дар бозиҳо кӯмак мекунад”, гуфтааст Гризманн. 

Дар инбора сомонаи расмии УЕФА навиштааст. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Гризманн бо иллати сардии муносибат бо Месси азми тарки «Барселона» дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив