LIVE

“Ювентус” Суаресро монда, бо Жиру шартнома бастанист

Ҳамлагари “Челси” Оливйе Жиру метавонад ба “Ювентус” гузарад, менависад Get Football News News.
Бино ба иттилои манбаъ, клуби шаҳри Турин ба ин футболбози 33-сола шартномаи дусола бо маблағи 9 миллион евро пешниҳод кардааст. “Челси” мехоҳад барои ин гузариш 5 миллион евро ба даст орад. Худи футболбоз барои гузаштан ба “Ювентус” розӣ аст.
Дар мавсими гузашта, Жиру дар ҳамаи мусобиқаҳо 25 бозӣ гузаронида, ба задани 10 гол даст ёфтааст. “Ювентус” баъд аз гуфтушӯнидҳои зиёди бенатиҷа бо Суарес, ба хулосае омад, ки бо ҳамлагари фаронсавӣ қарордод бандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив