LIVE

Боз як футболбози мунтахаби Испания гирифтори коронавирус шуд

Сомонаи расмии Федератсияи футболи Испания рӯзи 9 июн хабар дод, ки ҳимоятгари мунтахаби кишвар Диего Лоренте ба коронавирус сироят ёфтааст. Футболбоз тими миллиро тарк карда, гӯшанишиниро ихтиёр менамояд. Инчунин қайд карда мешавад, ки футболбозон мувофиқи протоколи коронавирус аз рӯи барномаи инфиродӣ тамрин мекунанд. Ҳамзамон, Брайс Мендес, Родриго Морено, Пабло Форналс ва Карлос Солер омодагӣ мебинанд. Ин бозигарон ба тими миллӣ даъват шуданд, аммо аз дигарон ҷудо машқ мекунанд. Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши тестии капитани даста Серхио Бускетс    мусбӣ баромада буд. Дар Евро-2020 испаниҳо дар гурӯҳи “E” бо тимҳои Лаҳистон, Словакия ва Шветсия бозӣ мекунанд. Мусобиқа аз 11 июн то 11 июл идома хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив