LIVE

Боз як футболбози «Ливерпул» мубталои коронавирус шудааст

Ҳамлагари “Ливерпул” Садио Мане мубталои бемории коронавирус шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи англисӣ хабар додааст. Футболбоз тибқи тавсияҳои зарурӣ ба бознишинӣ дар хона фиристода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар организми Мане нишонаҳои ками сирояти ин беморӣ пайдо шудааст, аммо дар маҷмуъ вазъи саломатии бозигари сенегалӣ хуб аст.
Ёдовар мешавам, ки қабл аз Мане бозигари дигари даста Тиаго Алкантара низ аз ин беморӣ сироят ёфта буд ва ҳарду тамоми талаботу тавсияҳо барои табобати  COVID-19-ро риоя мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив