LIVE

Симон Инзаги сармураббии "Интер"

“Интер” дар сомонаи расмии худ аз интихоб шудани сармурабии нав хабар додааст. Ба ин мақом мутахассиси маҳалӣ Симон Инзаги интихоб гардид.  Инзаги то омадан ба ин дастаи футболи шаҳри Милан сармураббии тими дигари итолёвӣ "Латсио" буд. Мутахассис бо “Интер” шартномаи дусола бастааст. Ёдовар мешавем, ки дар ду мавсими қаблӣ "Интер" -ро Антонио Конте роҳбарӣ мекард. Ин даста дар тӯли 10 соли охир бори аввал унвони қаҳрамониро дар чемпионати Италия ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив