LIVE

Футболбози африқоӣ 4 сол баъди марги модараш таваллуд шудааст

Футболбози собиқи “Ростов” Гуэлор Канга Каку, ки ҳоло дар дастаи "Срвенаи Звезда" бозӣ мекунад, дар маркази диққат қарор гирифтааст. 
Тавре хабаргузории African Sports Today навиштааст, Ҷумҳурии Демократии Конго ин нимҳимоятгарро ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ айбдор мекунад. Тибқи маълумоти расмӣ Канга соли 1990 дар Габон таваллуд шудааст ва ҳоло 30 сол дорад. Аммо, Ҷумҳурии Демократии Конго даъво дорад, ки тибқи ҳуҷҷатҳои кашфшуда, ин бозигар конготабор аст ва дар асл панҷ сол калонтар аст. Гузашта аз ин, номи Гуэлор шояд Кяку-Кяку Кянга бошад. Конфедератсияи футболи Африқо (CAF) нисбати ин амал тафтишотро оғоз кардааст.  
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки модари футболбоз соли 1986 вафот кардааст, аммо Гуэлор бошад, соли 1990 ба дунё омадааст. 
Агар маълумот дар бораи Канг тасдиқ карда шавад, пас тими миллии Габон, ки ӯ дар ҳайати он бозӣ мекунад, аз Ҷоми Миллатҳои Африқо – 2021 ихроҷ хоҳад шуд.
Канга сар аз соли соли 2013 футболбози касбӣ маҳсуб мешавад. Ӯ фаъолияти варзишии худро дар Габон оғоз намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив