LIVE

“Венетсия" дар Серияи А бозӣ мекунад

“Венетсия” охирин дастае буд, ки иштироки худро дар дивизиони олии футболи Италия таъмин намуд.
“Венетсия” дар бозии ниҳоии плей-оффи Серияи А дар майдони худ бо “Читтаделла” мусовӣ 1-1 кард. Вохӯрии аввал бо пирӯзии “Венетсия” бо ҳисоби 1-0 ба анҷом расид. Ҳамин тавр, ин даста пас аз 19 сол ба Серияи А баргашт.   Бори охир ин даста дар мавсими 2001/02 дар дивизиони олӣ бозӣ кардааст. “Венетсия” ягона ҷоизаи худро дар Ҷоми Италия дар соли 1941 ба даст овардааст.
Илова бар  “Венетсия”, дар мавсими ояндаи чемпионати Италия аз Серияи Б мустақиман дастаҳои “Эмполи” ва “Салернитана” бозӣ мекунад. Бошгоҳҳои “Беневенто”, “Кротоне” ва “Парма” бошанд, мусобиқотро тарк карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив