LIVE

"Реал" арзиши Варанро эълон намуд

Нимҳимоятгар Иско, инчунин ҳимоятгарон Рафаэл Варан ва Марсело, эҳтимол дорад, ки ин мавсим “Реал Мадрид”-ро тарк кунанд.
Бинобар иттилои As, рафтани фаронсавӣ қариб ки ногузир аст. Бозингари 28-сола мехоҳад, дар чемпионати нав қувваи худро санҷад. Шартномаи ӯ тобистони соли 2022 ба итмом мерасад. Аз ин рӯ, “Реал Мадрид” маҷбур аст, ки ӯро ҳоло фурӯшад, вагарна ҳимоятгар пас аз як сол ройгон меравад.
"Реал" ният дорад, дар гузариши Варан беш аз 60 миллион евро нарх монад. Ба ҷойи ӯ Давид Алаба ҳамчун агенти озод имзо хоҳад шуд.
Марсело ва Иско ҷойгоҳи худро дар ҳайати асосии мадридиҳо аз даст доданд ва дар мавсими гузашта номунтазам бозӣ карданд.
“Реал Мадрид” ба нақша гирифтааст, ки аз фурӯши се бозигар дар маҷмуъ наздики  100 миллион евро фоида ба даст орад.
Инчунин  даста дар сурати пешниҳоди хуб   Марко Асенсио ва Мариано Диасро ҳам раҳо мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив