LIVE

Муҷозоти дастаҳои “Ҳулбук”, “Ҳосилот” ва “Исфара”

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари Кумита Тоҳир Нурзода баргузор гардид. Дар нишаст як қатор хатокориҳои навбатии дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии кишвар, ки давоми баргузории бозиҳо роҳ ёфтанд, таҳлилу баррасӣ шуда, ба хатокорон тибқи Кодекси интизомии ФФТ муҷозот таъин карда шуд.
Аз ҷумла, дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ, “Ҳосилот”-и Фархор ва “Исфара”-и Исфара барои давоми баргузории бозиҳои мусобиқа халалдор намудани бандҳои мухталифи Кодекси интизомии ФФТ ҷазо дода шуданд. Инчунин, дар ҷаласа ба бозингарони алоҳидае, ки Кодекси интизоми Федератсияро халалдор намуданд, мутобиқи бандҳои Кодекси интизомии ФФТ ҷазо таъин карда шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив