LIVE

Кори наҷиби як футболбози зодаи Тоҷикистон


Шанбеи гузашта дар бозии дастаҳои "Ротор" ва "Текстилшик" дар шаҳри Волгоград ҳолати аҷибе рух дод. Дар зери борони пуршиддат дастаҳо маҷбур шуданд, вориди майдон гарданд. Аз ин натанҳо футболбозон, балки кӯдаконе, ки дастаҳоро ба гоҳи вориди майдон шудан ҳамроҳи менамуданд, зери қатраҳои шиддатноки борон тар шуданд. Футболбози 26 солаи тоҷик, ниммуҳофизатгари дастаи "Ротор" Муҳаммад Султонов ба духтарчаи дар наздаш буда, кӯмак намуда бо пироҳанаш нагузошт, ки ӯ тар шавад. Ин амали ӯ дар як фурсати кӯтоҳ дар торномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ диққати мардуми зиёдро ба худ кашид.Дар ин бора сомонаи маъруфи варзишии Русия sports.ru иттилоъ дод. 
    Муҳаммад Султонов дар Тоҷикистон таваллуд шуда, нахуст қадамҳояшро ба ин пайраҳа дар ҳайати ССКА-и Маскав гузошта аст. Баъдан ӯ дар дастаҳои «Локомотив-2», «Спартак-Налчик», «Тосно» ва«Шинник» ҳунарнамоӣ кардааст. Ба дастаи "Ротор"-и Волгоград ӯ соли 2017 тавассути иҷораи озод гузашта, дар соли аввали фаъолият 15 бозӣ гузаронида, 4-дафъа дарвозаи ҳарифонро голборон кардааст. Қабл аз ин ӯ дар як мавсим 36 бозӣ карда, муаллифи 6 гол шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив