LIVE

“Ливерпул” ба минтақаи ЛҚА баргашт

Дар бозии даври 37-уми Премйер-Лигаи Англия, “Бёрнли” дар майдони “Тёрф Мур” дастаи “Ливерпул” – ро қабул намуд. Бозӣ бо ҳисоби 3 – 0 ба фоидаи шогирдони Клопп ба анҷом расид. Голҳоро дар дақиқаи 43 – юм Роберто Фирмино, дар дақиқаи 52 – юм Садио Мане ва дар дақиқаи 89 – ум Алекс Окслейд-Чемберлен ба самар расониданд.

Ҳамин тавр, баъди анҷоми ин давр, “сурхпӯшон” бо касби 66 имтиёз дар ҷойи чоруми ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифтанд. Дар Лигаи қаҳрамонҳои мавсими оянда аз Англия 4 дастаи садри ҷадвали Премйер-Лига роҳхат мегиранд. Баъди бохт “Бёрнли” бошад, бо 39 имтиёз дар ҷойи 17 – ум қарор дорад.

 Натиҷаи бозиҳои дигари даври 37-уми Премйер-Лигаи Англия чунин ҷамъбаст гардид:

“Саутгемтон” 0 – 2 “Лидс Юнайтед”;

“Манчестер Юнайтед” 1 – 1 “Фулҳем”;

“Брайтон энд Хоув Албион” 3 – 2 “Манчестер Сити”;

“Челси” 2 – 1 “Лестер Сити”;

“Тоттенҳем Хотспур” 1 – 2  “Астон Вилла”;

“Нюкасл Юнайтед” 1 – 0 “Шеффилд Юнайтед”;

“Эвертон” 1 – 0 “Вулверхемптон”;

“Кристал Пэлас” 1 – 3 “Арсенал”;

“Вест Бромвич Албион” 1 – 3 “Вест Ҳем Юнайтед”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив