LIVE

Мбаппе “ПСЖ” - ро барандаи Ҷоми Фаронса гардонд

Дар бозии финали Ҷоми Фаронса “Монако” бо “Пари Сен-Жермен” вохӯрд. Бозии мазкур дар майдони “Стад де Франс” – и Сен-Дени баргузор гардида, бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи парижиҳо анҷом ёфт. Дар дақиқаи 19-уми дидор, ҳимоятгари “Монако” Аксел Дисаси аз ӯҳдаи идора кардани тӯби дар ихтиёраш буда набаромад ва Киллиан Мбаппе онҳо моҳирона аз худ намуда, ба Мауро Икарди партоб намуд. Икарди ҳам аз фурсати муносиб истифода бурда, ба дарвозаи холӣ тӯбро равона кард. Дар дақиқаи 82 – юм бошад, нимҳимоятгари парижиҳо Анхел Ди Мария дар дохили ҷаримагоҳ тӯбро ба Мбаппе партоб намуда, имкони голи дуюми парижиҳоро муҳаё намуд. Ҳамин тавр, парижиҳо бо ҳисоби 2-0 бар “Монако” пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бо ин тартиб, “Пари Сен-Жермен” барандаи Ҷоми Фаронса  - 2021 гардид. Барои парижиҳо, ин бори 14- ум аст, ки соҳиби Ҷоми Фаронса мегарданд. Қабл аз имсол, онҳо солҳои 1982, 1983, 1993, 1995, 1998, 2004, 2006, 2010, 2015, 2016, 2017, 2018, 2020 низ барандаи ин ҷом гашта буданд. Дар садаи 21 – ум, барои “ПСЖ” бори 9 –ум аст, ки ба чунин унвони олии футболи Фаронса даст меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив