LIVE

Месси бо Суарес пеш аз бозии охирини мавсим сари як миз нишастанд

Ҳамлагари "Барселона" Лионел Месси бо собиқ ҳамдастаи худ Луис Суарес, ки айни замон дар "Атлетико" бозӣ мекунад,   вохӯрд.
Футболбозон бо ҳамсаронашон дар яке аз  тарабхонаҳои Мадрид хӯроки нисфирӯзӣ хӯрданд. Завҷаи футболбози аргентинӣ Антонелла Рокутсо, дар инстаграми худ акси якҷояашонро гузоштааст.
Як давр  пеш аз анҷоми мавсим, “Атлетико” 83 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионати Испания дар ҷойи аввал қарор гирифта, аз рақиби ягона дар мубориза барои унвони қаҳрамонӣ – “Реал Мадрид” - бо ду имтиёз зиёдтар дорад. Дар бозии ҳалкунанда "Атлетико" бо "Валядолид" бозӣ мекунад. Дар навбати худ "шоҳонагиҳо" бо "Виллярреал" вомехӯранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив