LIVE

Месси пеш аз бозӣ бо "Атлетико" ҳамдастагонашро ба хонааш даъват кард

Ҳамлагар ва капитани “Барселона”Лионел Месси пас аз бозӣ бо “Валенсия” (3:2) дар хонааш барои ҳамдастагонаш хӯроки нисфирӯзӣ ташкил кардааст, хабар медиҳад Sport.es.
Мессӣ  рӯзи  3-юми май дар хонааш тамоми ҳамдастагонашро меҳмондорӣ кард. Дар он танҳо футболбозони ҳайати якуми «Барселона» ширкат варзиданд. Аргентинӣ тасмим гирифт, ки барои таҷлили пирӯзӣ дар Валенсия хӯроки нисфирӯзӣ ташкил кунад ва ба бозии муҳимтарин бар зидди “Атлетико” омодагӣ бинад. Капитани каталониҳо мехоҳад дастаро пеш аз бозиҳои ҳалкунанда дар мубориза барои чемпионӣ руҳбаланд созад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив