LIVE

Дастоварди таърихии Месси дар футболи муосир

Дар бозии даври 34-уми чемпионати Испания “Валенсия” дар майдони худ “Барселона”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар Валенсия баргузор шуда, бо ҳисоби 2:3 хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Лионел Месси дубл кард. Як голи дигарро ба дарвозаи “Валенсия”  Антуан Гризманн зад.
Ҳамзамон, яке аз голҳои худро дар ин дидор Месси аз зарбаи ҷаримавӣ зад. Барои ӯ ин ин 50-умин гол аст, ки тавассути зарбаи ҷаримавӣ ба ҳадаф мерасонад. 
Дар мавсими ҷории чемпионати Испания Месси дар 32 бозӣ ширкат варзида, дар он 28 гол ва 11 партофти головар дорад.
“Барселона” бо 74 имтиёз дар ҷадвали қаҳрамонии Испания дар ҷои севум мебошад. “Валенсия” бо 36 хол дар ҷои 14-ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив