LIVE

“Барселона” ғолиби Лигаи чемпионҳо

Дастаи занонаи “Барселона” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд. Дар бозии ниҳоии мусобиқа клуби каталонӣ бо «Челси» -и Лондон вохӯрд. Бозӣ дар Шветсия баргузор шуд ва бо пирӯзии “нилунориҳо” бо ҳисоби 4:0 хотима ёфт.
Дар ҳайати дастаи занонаи “Барселона” голҳоро Алексия Путеллас, Айтана Бонманти, Каролин Хансен ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро бошад, бозигари “Челси” - Мелани Лойполз ба дарвозаи дастаи худ ворид сохт. 
Ҳамчунин, “Барселона” аввалин клубе шуд, ки ҳам дастаҳои мардона ва ҳам занонааш ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардидааст. 
Ҳамин тариқ, дастаи занонаи “Барселона” дар таърихи худ бори аввал Лигаи чемпионҳоро ба даст овард. Қабл аз ин, "Лион" -и Фаронса дар панҷ соли охири мусобиқа ғолиб меомад. 
Лигаи чемпионҳои занона аз соли 2001 инҷониб баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив